Осиёи Марказй ва инкилобхои арабй(Дуввум)



Дар мавриди таъсири инқилобҳои кишварҳои арабии шимоли Африқо ба дигар кишварҳо, аз чумла кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил, таҳлил ва пешбиниҳо мухталифанд.Ахиран дар ҳамин замина рузномаи «Файнэншл таймс» таҳти унвони «Интизор намеравад, ки хезиши арабй ба кишварҳои Шуравии собиқ таъсир бирасонад», матлабе бо қалами Нейл Баклй мунташир намуд, ки дар он мизони осебпазирии кишварҳои пасошуравй ба риштаи таҳлил даромадааст.Муаллиф навиштааст, дар аксари кишварҳои Шуравии собиқ демократияи воқеъи ҳеч вақт вучуд надошт.Дар идома аз иқдоми Назарбоев, раиси чумҳури Қазоқистон дар лағви ҳамапурсии тамдиди замони раёсати чумҳуриаш то соли 2020 ба унвони чархиши азим ёд шуда, ки метавонад аз вуқуъи эътирозҳо пешгирй кунад. Дар ин матлаби таҳлилй эҳтимоли сирояти руйдодҳои кишварҳои арабй ба қаламрави Шуравии собиқ рад шуда, ҳамзамон таъкид мешавад, ки мардумони ин қаламрав дар ояндаҳои наздик иқдом ба «инқилобҳои рангй» хоҳанд кард.
Дар ҳамин замина теъдоде аз коршиносон бар ин боваранд, ки кишварҳои арабй ва Шуравии собиқ қобили қиёс бо ҳам нестанд.Дар кишварҳои арабй бо гузашти 50-60 сол баъд аз касби истиқлол аз истикбори Ғарб, мардум аз ваъдаҳои «зиндагии беҳтар» хаста шуданд ва давлатҳои ин кишварҳо ҳамчунон таҳти сайтараи Ғарб боқй монданд. Амре ки наслҳои имрузии ин кишварҳо ҳаргиз онро қабул надоранд. Аммо дар кишварҳои Осиёи Марказй авзоъ фарқ мекунад ва ҳануз мардум ба он гунае ки мебояд, аз давлатмардон ба истилоҳ хаста нашудаанд.Аз суи дигар дар кишварҳои Осиёи Марказй чомеаи шаҳрвандй дар ҳадди лозим шакл нагирифтааст ва ин кишварҳо чун чаҳони араб қаробати чандоне бо арзишҳои аврупойи надоранд. Ҳамин коршиносон эъзоми неруи кор аз кишварҳои ин минтақа ба дигар кишварҳоро омиле корсоз дар ростои чилавгирй аз ҳар гуна эътирозот дар марҳалаи кунунй тавсиф мекунанд.
Дар ҳамин робита рузномаи «Независимая газета», чопи Маскав бо дарчи мақолае ин гуна илқо кардааст, сирояти таҳаввулоти шимоли Африқо аз чумла ба Осиёи Марказй як амре ичтинобнопазир аст ва ин кишварҳои минтақа ҳастанд, ки бо иқдомоти худ метавонанд замони онро тағйир диҳанд. Қирғизистон ва Точикистон ба унвони ду кишваре зикр шудаанд, ки аз ин манзар осебпазиртар аз бақия ҳастанд ва иқдомоти Роза Отунбоева ва Эмомалй Раҳмон, раисони чумҳури ин ду кишвар дар ташдиди контрули фаъолиятҳои динии мардум, талоше дар заминаи пешгирй аз ҳаргуна нооромиҳои эҳтимолй арзёбй шудааст.Аммо Эгон Бар, соҳибназари олмонй муътақид аст, нооромиҳои Осиёи Марказй дар дарраи Фарғона ва тавассути ҳаракати исломии Узбакистон оғоз хоҳанд шуд ва ин Узбакистон аст, ки майдони таҳаввулоти шабеҳи кишварҳои арабй хоҳад шуд.Ин таҳлилгар бо ишора ба вучуди мушкилоти фаровони ичтимоъй ва иқтисодй дар водии Фарғона мегуяд, дар айни ҳол давлатҳо бо истифода аз зур тавонистаанд, «чини нооромиҳоро» дар дохили куза нигаҳ доранд, аммо дер ё зуд ин ба истилоҳ «чин» аз куза раҳо хоҳад шуд.
Наҳваи пушиши хабарии таҳаввулоти шимоли Африқо ва таҳаррукоти қудратҳои Шарқу Ғарб дар Осиёи Марказй ҳокй аз ин воқеъият аст, ки минтақа обистани руйдодҳое танишзо дар оаяндаи начандон дур аст. Аз як су, ташдиди фишори Амрико ба ҳукумати Карзай дар Афғонистон барои музокира ва канор омадан бо ба истилоҳ толибони миёнарав ва ҳамзамон бо ин, талоши Вошингтон дар чиҳати таъсиси пойгоҳҳои доимй дар Афғонистон, аз суи дигар барномаҳои стротегии Ғарб ба манзури ҳузури тулонимуддат дар Осиёи Марказй ва тавсаъаи ҳамкориҳои низомй бо ҳамаи кишварҳои ин минтақа, дорои ин паём аст, ки Осиёи Маркази дар мақтаи кунунй дар меҳвари аҳдофи Ғарб қарор гирифтааст.Ифшогариҳое ки ба сойти Викилекс нисбат дода мешаванд ва ишора ба афзудани ҳассосиятҳои Амрико аз ҳузури рузафзуни Маскав дар Осиёи Марказй доранд, баёнгар аз ин нукта ҳастанд, ки аз ин ба баъд Амрико ба унвони рақиби тамомаёри Русия дар ин минтақаи ҳасос хоҳад буд.Химояти сенати Амрико аз тарҳи неругоҳи Роғун ва барномаҳо барои тавсаъаи роҳҳои иртиботй дар Осиёи Марказй, ки ҳадафи аслии он бозсозй ва такмили хатҳои роҳи оҳан ва интиқоли неруи барқ дар Қирғизистон ва Точикистон мебошад, тасдиқе бар ин дидгоҳ аст, ки Амрико вориди амал шудааст, то он чиро ки Русия фақат дар ҳадди ваъда ба Точикистону Қирғизистон дод, чомаи амал пушонад.
Ҳамзамон бо ин, Амрико бо ташдиди таҳаррукоти худ дар Ховари Миёна ба манзури ба даст гирифтани мудирияти чунбишҳои мардумй дар кишварҳои арабии шимоли Африқо, бар он шудааст то ба давлатҳои Осиёи Марказй ин гуна илқо кунад, ки калиди ҳалли масоили муҳими байналмилалй дар Кохи сафед аст, на Кремл.Яъне ин ҳама як навъ бочгирии ғайримустақим аст, ки Ғарб дар ростои дастёбй ба аҳдофи худ, дар дастури кор қарор додааст.Ба баёни дигар, Ғарб мехоҳад ҳамзамон бо радди ҳар гуна иддао дар дахл доштан дар таҳаввулоти кишварҳои арабй, ин дидгоҳро дар ақсо нуқоти чаҳон таҳмил кунад, ки хезиши чаҳони араб чизе чуз барномарезиҳои муқаддамотии Ғарб ба манзури таъвизи давлатҳои шимоли Африқо набудааст.Ба андешаи ричоли сиёсии Ғарб, чунин шигард муассиртарин роҳ дар чиҳати таҳти сайтараи худ нигоҳ доштани сарони худкома ва ташнаи қудрати Осиёи Марказй мебошад.Албатта дар ин миён набояд барномаҳои изойи ва вокунишҳои Маскавро дар ростои ҳифзи чойгоҳи худ дар Осиёи Марказй, нодида гирифт.Аз ин ру агарчй коршиносон эҳтимоли вуқуъи ҳаводисе назири кишварҳои арабй дар Осиёи Марказиро баъид арзёбй мекунанд, аммо фақат як чараққа кофист то муътаризон дар хиёбонҳо ва майдонҳои кишварҳои ин минтақ ҳад алам кунанд.Бархурди манофеи қудратҳои Шарқу Ғарб дар мавриди зарурати будани субот дар Осиёи Марказй ва ё баръакс, доман задани ноамниҳо дар чиҳати дастёбй ба барномаҳои худ, ин минтақаро беш аз ҳар замони дигаре дар маърази осебҳои мухталиф қарор додааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: