Осиёи Марказй ва инкилобхои арабй(Дуввум)


Дар мавриди таъсири инқилобҳои кишварҳои арабии шимоли Африқо ба дигар кишварҳо, аз чумла кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил, таҳлил ва пешбиниҳо мухталифанд.Ахиран дар ҳамин замина рузномаи «Файнэншл таймс» таҳти унвони «Интизор намеравад, ки хезиши арабй ба кишварҳои Шуравии собиқ таъсир бирасонад», матлабе бо қалами Нейл Баклй мунташир намуд, ки дар он мизони осебпазирии кишварҳои пасошуравй ба риштаи таҳлил даромадааст.Муаллиф навиштааст, дар аксари кишварҳои Шуравии собиқ демократияи воқеъи ҳеч вақт вучуд надошт.Дар идома аз иқдоми Назарбоев, раиси чумҳури Қазоқистон дар лағви ҳамапурсии тамдиди замони раёсати чумҳуриаш то соли 2020 ба унвони чархиши азим ёд шуда, ки метавонад аз вуқуъи эътирозҳо пешгирй кунад. Дар ин матлаби таҳлилй эҳтимоли сирояти руйдодҳои кишварҳои арабй ба қаламрави Шуравии собиқ рад шуда, ҳамзамон таъкид мешавад, ки мардумони ин қаламрав дар ояндаҳои наздик иқдом ба «инқилобҳои рангй» хоҳанд кард.
Дар ҳамин замина теъдоде аз коршиносон бар ин боваранд, ки кишварҳои арабй ва Шуравии собиқ қобили қиёс бо ҳам нестанд.Дар кишварҳои арабй бо гузашти 50-60 сол баъд аз касби истиқлол аз истикбори Ғарб, мардум аз ваъдаҳои «зиндагии беҳтар» хаста шуданд ва давлатҳои ин кишварҳо ҳамчунон таҳти сайтараи Ғарб боқй монданд. Амре ки наслҳои имрузии ин кишварҳо ҳаргиз онро қабул надоранд. Аммо дар кишварҳои Осиёи Марказй авзоъ фарқ мекунад ва ҳануз мардум ба он гунае ки мебояд, аз давлатмардон ба истилоҳ хаста нашудаанд.Аз суи дигар дар кишварҳои Осиёи Марказй чомеаи шаҳрвандй дар ҳадди лозим шакл нагирифтааст ва ин кишварҳо чун чаҳони араб қаробати чандоне бо арзишҳои аврупойи надоранд. Ҳамин коршиносон эъзоми неруи кор аз кишварҳои ин минтақа ба дигар кишварҳоро омиле корсоз дар ростои чилавгирй аз ҳар гуна эътирозот дар марҳалаи кунунй тавсиф мекунанд.
Дар ҳамин робита рузномаи «Независимая газета», чопи Маскав бо дарчи мақолае ин гуна илқо кардааст, сирояти таҳаввулоти шимоли Африқо аз чумла ба Осиёи Марказй як амре ичтинобнопазир аст ва ин кишварҳои минтақа ҳастанд, ки бо иқдомоти худ метавонанд замони онро тағйир диҳанд. Қирғизистон ва Точикистон ба унвони ду кишваре зикр шудаанд, ки аз ин манзар осебпазиртар аз бақия ҳастанд ва иқдомоти Роза Отунбоева ва Эмомалй Раҳмон, раисони чумҳури ин ду кишвар дар ташдиди контрули фаъолиятҳои динии мардум, талоше дар заминаи пешгирй аз ҳаргуна нооромиҳои эҳтимолй арзёбй шудааст.Аммо Эгон Бар, соҳибназари олмонй муътақид аст, нооромиҳои Осиёи Марказй дар дарраи Фарғона ва тавассути ҳаракати исломии Узбакистон оғоз хоҳанд шуд ва ин Узбакистон аст, ки майдони таҳаввулоти шабеҳи кишварҳои арабй хоҳад шуд.Ин таҳлилгар бо ишора ба вучуди мушкилоти фаровони ичтимоъй ва иқтисодй дар водии Фарғона мегуяд, дар айни ҳол давлатҳо бо истифода аз зур тавонистаанд, «чини нооромиҳоро» дар дохили куза нигаҳ доранд, аммо дер ё зуд ин ба истилоҳ «чин» аз куза раҳо хоҳад шуд.
Наҳваи пушиши хабарии таҳаввулоти шимоли Африқо ва таҳаррукоти қудратҳои Шарқу Ғарб дар Осиёи Марказй ҳокй аз ин воқеъият аст, ки минтақа обистани руйдодҳое танишзо дар оаяндаи начандон дур аст. Аз як су, ташдиди фишори Амрико ба ҳукумати Карзай дар Афғонистон барои музокира ва канор омадан бо ба истилоҳ толибони миёнарав ва ҳамзамон бо ин, талоши Вошингтон дар чиҳати таъсиси пойгоҳҳои доимй дар Афғонистон, аз суи дигар барномаҳои стротегии Ғарб ба манзури ҳузури тулонимуддат дар Осиёи Марказй ва тавсаъаи ҳамкориҳои низомй бо ҳамаи кишварҳои ин минтақа, дорои ин паём аст, ки Осиёи Маркази дар мақтаи кунунй дар меҳвари аҳдофи Ғарб қарор гирифтааст.Ифшогариҳое ки ба сойти Викилекс нисбат дода мешаванд ва ишора ба афзудани ҳассосиятҳои Амрико аз ҳузури рузафзуни Маскав дар Осиёи Марказй доранд, баёнгар аз ин нукта ҳастанд, ки аз ин ба баъд Амрико ба унвони рақиби тамомаёри Русия дар ин минтақаи ҳасос хоҳад буд.Химояти сенати Амрико аз тарҳи неругоҳи Роғун ва барномаҳо барои тавсаъаи роҳҳои иртиботй дар Осиёи Марказй, ки ҳадафи аслии он бозсозй ва такмили хатҳои роҳи оҳан ва интиқоли неруи барқ дар Қирғизистон ва Точикистон мебошад, тасдиқе бар ин дидгоҳ аст, ки Амрико вориди амал шудааст, то он чиро ки Русия фақат дар ҳадди ваъда ба Точикистону Қирғизистон дод, чомаи амал пушонад.
Ҳамзамон бо ин, Амрико бо ташдиди таҳаррукоти худ дар Ховари Миёна ба манзури ба даст гирифтани мудирияти чунбишҳои мардумй дар кишварҳои арабии шимоли Африқо, бар он шудааст то ба давлатҳои Осиёи Марказй ин гуна илқо кунад, ки калиди ҳалли масоили муҳими байналмилалй дар Кохи сафед аст, на Кремл.Яъне ин ҳама як навъ бочгирии ғайримустақим аст, ки Ғарб дар ростои дастёбй ба аҳдофи худ, дар дастури кор қарор додааст.Ба баёни дигар, Ғарб мехоҳад ҳамзамон бо радди ҳар гуна иддао дар дахл доштан дар таҳаввулоти кишварҳои арабй, ин дидгоҳро дар ақсо нуқоти чаҳон таҳмил кунад, ки хезиши чаҳони араб чизе чуз барномарезиҳои муқаддамотии Ғарб ба манзури таъвизи давлатҳои шимоли Африқо набудааст.Ба андешаи ричоли сиёсии Ғарб, чунин шигард муассиртарин роҳ дар чиҳати таҳти сайтараи худ нигоҳ доштани сарони худкома ва ташнаи қудрати Осиёи Марказй мебошад.Албатта дар ин миён набояд барномаҳои изойи ва вокунишҳои Маскавро дар ростои ҳифзи чойгоҳи худ дар Осиёи Марказй, нодида гирифт.Аз ин ру агарчй коршиносон эҳтимоли вуқуъи ҳаводисе назири кишварҳои арабй дар Осиёи Марказиро баъид арзёбй мекунанд, аммо фақат як чараққа кофист то муътаризон дар хиёбонҳо ва майдонҳои кишварҳои ин минтақ ҳад алам кунанд.Бархурди манофеи қудратҳои Шарқу Ғарб дар мавриди зарурати будани субот дар Осиёи Марказй ва ё баръакс, доман задани ноамниҳо дар чиҳати дастёбй ба барномаҳои худ, ин минтақаро беш аз ҳар замони дигаре дар маърази осебҳои мухталиф қарор додааст.

Осиёи Марказй ва инкилобхои арабй(Аввал)


Таҳаввулоти кишварҳои арабй, ки аз онҳо ба унвони хезиши исломй ё бедории исломй ва низ инқилобҳои исломй ёд мешавад, имруза дигар руйдодҳои чаҳонро таҳти шуъо қарор дода, дар садри ахбори расонаҳо ва маҳофили коршиносй қарор гирифтаанд.Нуктаи чолиби таваччуҳ он аст, ки дар баробари он чи гуфта шуд, ин руйдодҳоро шакли дигаре аз рақобати қудратҳо дар ростои дифоъ аз манофеи худ, арзёбй мекунанд.Пайравони ин дидгоҳ бар ин боваранд, ки ба чолиш кашидани давлатҳои худкомаи арабй барномаест, ки аз қабл тарроҳй ва сенориёи он берун аз қаламрави Африқо таҳия шудааст. Яъне қудратҳои чаҳонй дар чорчуби стротегии худ, ки тасаллут бар манобеи табии кишварҳо аз авлавиятҳои он маҳсуб мешавад, бар он шудаанд, то бо тағйири давлатҳо ва руйи кор овардани муҳраҳои чадид, ҳокимияти худро номаълумтар бар давлатҳо таҳмил кунанд.Ба баёни дигар беш аз ҳад сарватманд шудани доираҳои маҳдуди мақомот дар кишварҳои арабй, ба вижа кишварҳои бархурдор аз манобеи саршори нафту газ, зимни афзоиши эҳсосоти зидди ҳокимон, чавомеъи ин кишварҳоро дар муқобили Ғарб ба унвонии ҳомии ин ҳокимон қарор хоҳад дод. Аз ин ру ба назар мерасад, таърихи истифодаи бархе хонадони ҳоким дар чаҳони араб ба поён расида, гардонандагони пасипардайии таҳаввулоти ахири Африқои шимолй бар он шудаанд, бо руйи кор овардани афрод ва давлатҳои чадид, тасаллути худро дар ин қораи ғанй тамдид кунанд.Албатта дар ин миён талоши исломхоҳии мардумони ин кишварҳоро, ки нашъат гирифта аз инқилоби исломии Эрон аст, набояд нодида гирифт.
Дар ин миён дигар масъалае ки низ чалби таваччуҳ мекунад, баҳрабардорй аз руйдодҳои кишварҳои арабй дар манотиқи мухталифи чаҳон, аз чумла дар Осиёи Марказй аст. Бархе кишварҳо бо мамнуулпахш кардани таҳаввулоти кишварҳои арабй дар расонаҳои худ, талош доранд аз ба истилоҳ сирояти ин инқилобҳо ба кишвари худ пешгирй кунанд. Аз суи дигар, бархе маҳофил бо бузургнамойии хатароти бурузи чунин руйдодҳое дар ин минтақаи стротегй, дар пайи касби имтиёз аз давлатҳо баромадаанд.Дар ҳамин росто ду қудрати муддайии раҳбарии Осиёи Марказй — Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Федератсиюни Русия ҳар кадом бо наҳваи мутафовут вориди амал шудаанд, то роҳҳои чадиди чалби давлатҳои ин минтақа ба сиёсатҳои худро чомаи амал пушонанд. Агар Русия аз роҳҳои классикй, яъне додани ваъдаҳои молй ва мушорикат дар тарҳҳои муҳими иқтисоди кишварҳо, ҳамчунин бархе таҳдидҳои амниятйиро дар дастури кор қарор додааст, аммо Амрико бо тадвини стротегияи чадид ба гумони худ, бар он шудааст руйкарди мантиқитаре дар ҳамкорй бо кишварҳои Осиёи Марказй дошта бошад. Ин стротегй бар асоси гузориши гуруҳи таҳқиқот дар мавриди Осиёи Марказй, ки дар садри он Ричард Эрмитаж, маовини собиқи вазорати хоричаи Амрико қарор дошт, таҳия шуд.Ин санад таъкид мекунад, ки боястй Амрико бо ҳар як аз кишварҳои Осиёи Марказй ҳамкориҳои танготанге ба роҳ монад.Ин барнома дорои нукоти мухталифе ҳаст, аммо ба таври куллй ҳафт аслро барои сиёсатгузориҳои Амрико дар Осиёи Марказй пешниҳод мекунад.Аввал, боястй дар маркази сиёсатҳои Амрико дар Осиёи Марказй давлатҳои ин минтақа қарор дошта бошанд, на Русия, Чин, Ирон ва ё дигар кишварҳои ҳамчавор. Бар пояи ин асл, тақозо мешавад, сиёсатмадорони амрикойи ба гунае рафтор кунанд, ки Осиёи Марказй на майдони рақобати Амрико бо Русия ва дигар кишварҳост, балки маҳалли ҳамкориҳо бар асли баробарй аст. Зеро дар акси ҳол кишварҳо ва мардуми ин минтақа эҳсоси таҳқир хоҳанд кард.Амрико ба гунае амал кунад, ки сиёсатҳои худро мутобиқи манофеи Осиёи Марказй ва барои беҳбуди равобит бо Русия дунбол мекунад.Дуввум, сиёсати Амрико на бояд соддалавҳона бошад.Кишварҳои ҳамсоя ҳаргиз намехоҳанд Амрико дар Осиёи Марказй пойгоҳ дошта бошад ва аз манобеи саршори энержии ин минтақа баҳраманд шавад.Амрико бояд манофеи кишварҳои минтақа дар ҳамкорй бо дигар кишварҳоро эҳтиром кунад.Бояд як доираи мушаххасе барои манофеи муштараки Амрико ва дигар қудратҳои ҳозир дар Осиёи Марказй вучуд дошта бошад. Саввум, руи он имконоте бояд ҳисоб боз кард, ки фақат Амрико метавонад барои кишварҳо, шаҳрвандон ва тичорати Осиёи Марказй фароҳам созад.Забони инглисй, фановариҳои пешрафтаи амрикойи, маҳоратҳои тичорй ва умронй, тачҳизоти низомй, ҳамчунин тавонойии билқувва дар мушорикат додани кишварҳои Осиёи Марказй ба муассисаҳо муҳими молй ва бозорҳои байналмилалй, аз чумлаи бартариҳои Амрико бар дигар қудратҳо мебошанд.Аз чумлаи заъфи Амрико он аст, ки бо гузашти 20 сол аз касби истиқлоли кишварҳои Осиёи Марказй, ҳеч як аз раисони чумҳури Амрико ба ин минтақа сафар накардааст.Чаҳорум , Бояд дар ҳамкории танготанг бо шарикони байналмилалй, нуқоти қуввати Амрикоро тақвият кард.Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бояд дар Осиёи Маркзй ҳамкорй бо шарикони худ назири Олмон, Инглис, Иттиҳодияи Аврупо ва Туркияро тавсаъа диҳад.Амрико бо вонамуд кардани ин ки дар ин минтақа бо Япония, Кореяи Чанубй ва Ҳинд ҳамкорй мекунад, бурд хоҳад кард. Панчум, бо манзури тақвияти нуқоти қуввати Амрико, ҳамкорй бо бахши хусусй тавсаъа ёбад.Ҳамкорй бо бахши хусусии Қазоқистон намунаи ибрати хубе дар ин замина аст.Шашум, дар мазар гирифтани мутолиботи стротегияи минтақайи.Барои тазмини ояндаи иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказй, бояд системи роҳҳои оҳан, чодаҳо, хатҳои интиқоли неруи барқ, фурудгоҳҳо ва лулаҳои интиқоли нафту газ навсозй ва бозсозй шаванд. Ҳафтум, дар Осиёи Марказй сиёсати чандчанбайи ва чандманзура ба кор гирифта шавад.Амрико бояд аз сиёсати чандманзура кор гирад ва набояд барои бахши беҳдошт, амният, ҳуқуқи инсон сиёсатҳои чудогона дунбол шаванд.Барои ҳамаи бахшҳо сиёсати муштарак дар назар гирифта шавад.
Аз ин руйкарди Амрико бармеояд, ки аз ин ба баъд Осиёи Марказй саҳнаи таҳаввулоти мутафовуте дар заминаи рақобати қудратҳои Шарқу Ғарб чиҳати тасаллут бар ин минтақа хоҳад буд.Албатта иқдомоти дигар бозигарон дар Осиёи Марказй, аз чумла, Русия, Чин, Иттиҳодияи Аврупо ва …ро набояд нодида гирифт, амре ки бетаъсир дар таҳаввулоти минтақаи мазкур нахоҳад буд. Дар марҳалаи кунунй ва бо таваччуҳ ба чунбишҳои мардумй дар кишварҳои арабй, мавзуъе ки бештар мавриди таваччуҳи сарони кишварҳо ва маҳофили расонайи ва коршиносии Осиёи Марказй қарор дорад, сирояти таҳаввулоти шимоли Африқо ба ин минтақа аст. Аз матолиби мунташира дар расонаҳои чаҳон бармеояд, ки бозигарони ҳозир дар Осиёи Марказй бар он шудаанд, аз ин мавзуъ дар чорчуби аҳдоф ва манофеи худ кор гиранд. Бо интишори таҳлилу гузоришҳо ҳар як аз ин неруҳо саъй доранд бо эчоди сояи тарсу ваҳшат дар кишварҳои мавриди назари худ, раванди таҳаввулотро таҳти назорат гиранд.Аз ин чост ки бархе Точикистонро ба унвони кишвари осебпазир дар ин замина муаррифй мекунанд ва бархе дигар Узбакистонро.