Точикистон ва Узбакистон: аз руёруйи ба ҳамкорй



Дар пайи вуқуъи сел дар чандин ноҳия дар манотиқи чануб ва шимоли Точикистон, ҳукумати ин кишвар чаласи фавқулодда баргузор кард ва авзоъи буҳронии бархоста аз ин ҳодисаҳоро мавриди баррасй қарор дод.Имомалй Раҳмон, раиси чумҳур, ки аз суханронони аслй дар ин нишаст буд, бо баршумурдани мизони зиёнҳои ворида аз ҳодисаҳои ахир, сохторҳои марбутаро вазифадор кард, ки тамоми имконот ва зарфиятҳои худро барои бо хона таъмин кардани бозмондагони ин офатҳо ба кор гиранд.

Вай аз чумла таъкид кард, то рузи Қонуни асосй, ки дар моҳи ноябр тачлил мегардад, бояд ҳамаи афроде, ки ба асари чорй шудани сел хонаю кошонаи худро аз даст додаанд, бо манзил таъмин шаванд. Нуктаи чолиб дар суханронии Имомалй Раҳмон дар чаласаи изтирории ҳукумати ин кишвар қадрдонии вай аз ҳамтои узбакаш Ислом Каримов буд. Раиси чумҳури Точикистон аз чумла гуфт: мо аз иқдоми Ислом Каримов, раиси чумҳури Узбакистон, дар мавриди таъмири қитъаи роҳи оҳан, ки тавассути сохторҳои ин кишвар анчом ва боиси ҳаракати вагонҳо ба самти Точикистон шуд, тақдир мекунем.Имомалй Раҳмон дар ин суханронй аз Узбакистон ба унвони кишвари дуст ва бародар ном бурд ва вуруди вагонҳои дорои сузишворй, маводи ғизойи ва масолеҳи сохтмонй ба вилояти Хатлонро ҳосили ҳамсоядустии кишвари ҳамсоя тавсиф кард. Қарори маълум тайи рузҳои охир ҳудуди 67 вагон дорои орду гандум ва беш аз 100 вагон масолеҳи сохтмонй ва анвоъи равған аз Узбакистон вориди вилояти Хатлони Точикистон шуд.Бино ба гуфтаи Саидчон Ёдгорй, муовини раиси хадамоти боркашонии Роҳи оҳани Точикистон, аз 16 март то ин дам тарафи Узбакистон бидуни иттилорасонй вагонҳои Точикистонро дар қаламрави худ манъ кард. Ба гуфати ин манбаъ ҳануз 800 вагони дорои борхои мухталифи мутаалиқ ба ширкатҳои давлатй ва хусусии устони Хатлон дар қаламрави Узбакистон мутаваққиф шудаанд, ки аз ин теъдод 200 вагон равғанҳои гуногун, 210 вагон сузишворй ва 40 вагон симон ва дигар тачҳизоти мутаалиқ ба неругоҳи «Сангтуда-2» мебошад. Мақомоти точик мегуянд тавқифи вагонҳо тавассути ширкати роҳи оҳани Узбакистон ҳудуди 100 миллион доллар ба иқтисоди ин кишвар зарару зиён ворид кардааст.Вазъи иқтисодии бисёре аз ширкатҳо ва корхонаҳои вилояти Хатлон вазнин шуда, теъдоде аз онҳо дар остонаи варшикаст шудан қарор гирифтаанд.Албатта тарафи узбак низ мутаҳаммили зарару зиёнхои фаровоне шудааст, ба илова тибқи қонунҳои байналмилалй роҳи оҳани Узбакистон вазифадор аст барои таваққуфи вагонҳо чарима супорад.Аммо ҳануз ҳеч ниҳоди марбутаи байналмилалй дар ин чиҳат иқдоме анчом надодааст. Яке аз асароти манфии манъ кардани вагонҳои Точикистон дар роҳи оҳани Узбакистон тақрибан ба ҳолати нимафалач даромадани раванди корҳои сохтмонй дар неругоҳи «Сангтуда-2» мебошад. Камбуди симон ва маводи сухт мушкили чиддие дар пешбурди барномаҳои сохтмонй дар ин тарҳи муҳим, ки тавассути мутахассисони эронй дар ҳоли ичро аст, эчод кардааст. Бар асоси барномарезиҳои аз қабл анчом шуда, қарор аст то поёни соли чорй турбини аввали ин неругоҳ ба баҳрабардорй бирасад. Аммо камбуди масолеҳ ва тачҳизот ичрои ин барномаро дар ҳолае аз ибҳом қарор додааст ва ин зарбаи чиддие ба раванди амалй шудани тарҳҳои гидроэнергетикии Точикистон арзёбй мешавад. Ҳамчунин 16 корхонаи шаҳри Сарбанд, маҳалли сохтани неругоҳи «Сангтуда-2», ба далели камбуди сузишворй ва тачҳизоти зарурй, дар остонаи таътилй қарор гирифтаанд. Аз суи дигар, аксари точирон дар вилояти Хатлон, муътақиданд, ки идомаи таваққуфи вагонҳои Точикистон дар Узбакистон, ба вижа вагонҳои орд ва гандум, мучиби боло рафтани қимати нон дар бозорҳои ин ин вилоят ва дигар минтақаҳои Точикистон хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки аксари точирон дигар ҳозир нестанд аз Қазоқистон ба Точикистон орд ва гандум интиқол диҳанд, зеро манъи тулонимуддати вагонҳо дар қаламрави Узбакистон зиёнхои фаровоне ба онҳо ворид кардааст. Ҳамин амр боис шудааст, ки аз ҳоло дар бозорҳои устони Хатлон ва дигар бозорҳои чануби Точикистон афзоиши қимати орд ва маҳсулоти ордй ба мушоҳида мерасад. Буҳрони вагонҳо миёни ду кишвари ҳамсояи Точикистон ва Узбакистон замоне ба вучуд омад, ки миёнахои моҳи марти соли чорй роҳи оҳани Узбакистон ба сабаби он чи вайрон шудани роҳи оҳан дар минтақаи Тирмиз-Амузонги Узбакистон унвон кард, вуруди вагонҳо ба Точикистонро мутаваққиф намуд.Дар пайи идомаи ин амр ва таъсири манфии он ба бахшҳои мухталифи иқтисоди Точикистон, мақомоти точик ба ҳамтоёни узбаки худ пешниҳод карданд, ки ҳозиранд минтақаи вайрон шудаи роҳро таъмир ва бозсозй кунанд, то ҳаракати вагонҳо аз сар гирифта шавад.Аммо мақомоти узбак ҳаргиз ин пешниҳодро напазируфтанд, ба илова матбуоти электронии вобаста ба давлати Тошканд иттилоъ дод, ки Узбакистон барои таъмини ҳаракати вагонҳои Точикистон, роҳи оҳани вайроншуда дар минтақаи Тирмиз-Амузонгро бо харочоти як миллион доллар аз ҳисоби будчаи худ таъмир ва бозсозй мекунад. Роҳи оҳани Узбакистон каме баъд аз ин сабаби манъ кардани вагонҳои Точикистонро камбуди локомотивҳо эълом кард, вале ҳозир нашуд барои ин кор аз локомотивҳои Точикистон истифода кунад. Баъд аз ин низ манъ кардани вагонҳои Точикистон дар қаламрави Узбакистон идома дошт ва тайи ду моҳ теъдоди онҳо аз марзи ду ҳазор гузашт.Дар пайи бе чавоб мондани дархостҳои пай дар пайи ҳукумати Точикистон дар мавриди аз саргирии ҳаракати вагонҳо, сохторҳои марбутаи Точикистон масъаларо ба ниҳодҳои байналмилалй кашонданд. Аммо Созмони милали муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо,Бонки чаҳонй ва амсоли ин ҳеч иқдоми муассире дар чиҳати ҳалли буҳрони вагонҳо миёни ду кишвари ҳамсоя, анчом надоданд. Бисёре аз соҳибназарон ва таҳлилгарон дар арзёбиҳои худ аз авзои ба амаломада дар равобити ду кишвари Узбакистон ва Точикистон, танҳо роҳи бурунрафт аз ин буҳронро музокироти ру дар руи сарони ду кишвар унвон карданд.Сафари бе натичаи ҳайати ҳукумати Точикистон тахти сарварии Муродалй Алимардонов, муовини нахуствазир ба Тошканд, бори дигар дурустии ин дидгоҳро собит кард. Албатта тарафи Точикистон чиҳати рафъи монеъаҳои ба вучудомада дар равобити байниҳамдигарй бештар кушо будаст, бо ин ҳол чунончи Тошканд иқдомҳои мутақобил анчом надиҳад, ин кушишҳо роҳ ба чое нахоҳанд бурд. Воқеъият он аст, ки азми Точикистон барои сохтани неругоҳи Роғун равобити ду кишвари ҳамсояро таҳти таъсир қарор додааст.Узбакистон бо ироаи далелҳои мухталиф иддао мекунад, ки сохти ин неругоҳ мучиби осеб дидани муҳити зист ва муҳимтар аз ҳама коҳиши чараёни об ба Узбакистон хоҳад шуд, амре ки ба андешаи мақомоти узбак,бахши кишоварзии ин кишварро дар вартаи нобудй қарор хоҳад дод.Аммо давлати Душанбе ин иддаоҳоро баҳонае беш намедонад ва муътақид аст, ки Тошканд намехоҳад Точикистон истиқлолияти энержй касб кунад.Ин ҳама дар ҳолест, ки дар замони Шуравй Узбакистон ташаббускори аслии тарҳи сохтани неругоҳи Роғун буд. Музокироти ду кишвар чиҳати ҳалли ин мавзуъ роҳ ба чое набурд ва акнун бонки чаҳонй ба унвони миёнчй вориди амал шудааст.Аммо бо таваччуҳ ба амалкарди ниҳодҳои байналмилалй дар нуқоти мухталифи чаҳон, интизор намеравад, ки ин бонк масъаларо ба таври мунсифона ва одилона ҳаллу фасл намояд. Нишасти ахири Бонки тавсаъаи Осиё дар Тошканд ва чудо кардани як миллиарду 150 миллион доллар эътибори(кредити) ин бонк барои Узбакистон, бори дигар ин ҳақиқатро собит кард, ниҳодҳои байналмилалй, ки ҳосили сиёсатгузориҳои қудратҳои чаҳонй ҳастанд, ҳамеша манофеи молии худро дар авлавият қарор медиҳанд. Аз ин ру дар паси пардаи баррасии масъалаи Роғун низ мутмаъинан манфиатҳои бонки чаҳонй дар ду кишвари Узбакистон ва Точикистон дар назар гирифта хоҳад шуд.Аммо он чй дар ин миён насиби ду кишвари ҳамсоя хоҳад шуд, дар канори таҳти таъсири сиёсатҳои ин бонк қарор гирифтан, талафи вақт хоҳад буд. Ин амр барои ҳам Тошкан ва ҳам Душанбе зиёнҳои чуброннопазиреро ба ҳамроҳ хоҳад дошт.Сохта нашудан ва ё бо таъхири зиёд сохта шудани садди Роғун аввалин пайомадҳои манфии худро ба бахши кишоварзии Узбакистон ворид хоҳад кард.Зеро пешбиниҳои ҳавошиносй нишон медиҳанд, ки гармшавии ҳамасолаи кураи Замин ба тадрич мучиби аз байн рафтани пиряхҳо ва кам шудани оби рудхонаҳо хоҳад шуд. Дар натича дар пайи захира нашудани об, Узбакистон ҳатто ба камбуди оби ошомиданй ру ба ру хоҳад шуд.Точикистон низ бо аз даст додани замон, бозори энержиро дар Осиёи чанубй аз даст хоҳад дод, зеро дар Чин чандин неругоҳ дар ҳоли сохт аст, ки барқи онҳо барои содирот ба Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон ва дигар кишварҳои минтақа дар назар гирифта шудааст.Дар чунин шароите неругоҳи Роғун дар сурати такмил низ наметавонад он ҳама харочотро чуброн кунад ва ба як тарҳи зиёновар табдил хоҳад шуд.Албатта дар чунин шароите Русия, ки иддаои тасаллут бар бозори энержии Осиёи чанубиро дорад, низ хоҳад бохт. Дар чунин шароите аз саргирии ҳаракати вагонҳо аз Узбакистон ба Точикистон ва дар пайи он, паёми раиси чумҳури Точикистон ба ҳамтои узбаки худ, беш аз ҳар замони дигаре аҳамият пайдо кардааст.Ин амр ба унвони равзанаи нуре дар тунели торики равобити ду кишвар тавсиф мешавад, ки боясти сарони ду кишвар дар ростои манофеи мардумони худ ва тамоми минтақаи Осиёи Маказй, бар тавони он афзоянд.

Один ответ

  1. Офарин!!!!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: