Туркзабонон муттаҳид мешаванд, форсизабонон…



Мачлиси намояндагони Точикистон дар нишасти ахири худ бо ду раъйи мухолиф ва 57 раъйи мувофиқ лоиҳаи Қонуни забони давлатиро, ки аз суи раиси чумҳур таҳия ва пешниҳод шуда буд, ба тасвиб расонд.Бо ин кор яке дигар аз «шоҳкорҳои» намояндагони мардумй шакл гирифт ва он ин буд, ки аз лоиҳаи қонун вожаи «форсй» бардошта шуд. Яъне забони давлатии Точикистон забони точикй (на мисли лоиҳаи пешин «форсии точикй») эълом шуд.
Ҳамин масъала дар бист соли пеш низ боиси баҳсу баррасиҳои зиёд шуда буд ва он замон намояндагон ба ҳарфи донишмандон гуш фаро доданд ва пазируфтанд, ки «забони точикй» «забони форсии точикй» таъбир шавад. Аммо ин бор ин ҳарф, ин ҳақиқати таърихй гуши шунавое надошт.Хақиқате, ки ниёз ба исбот надорад ва ҳамин мучассамаи Исмоили Сонмонй, ки мо онро ба унвони поягузори нахустин давлати ТОЧИКОН пазируфтаем, далели ғайри қобили инкор будани ин мавзуъ аст. Дар давлати нахустини точикон, ки беш аз ҳазор соли қабл арзи ҳастй намуда буд, забони давлатй форсй буда на точикй!Мо бо барчидани вожаи «форсй» аз қонуни забони давлатй, худ бо дасти худ теша бар решаи гузаштаи таърихи худ задем ва худро аз ниёкон бибридем.
Нигоҳе ба саҳифаҳои таърихи гузашта ба хубй нишон медиҳад, ки қавми точик ҳамеша «форсигу» буд, яъне ба номи «забони точикй» дар ҳеч маъхазу сарчашмае чизе зикр нашудааст.Ва ин фақат махсуси мо точикон, ки як миллати ориёинажод ҳастем, нест. Чи басо халқу миллатҳое ҳастанд, ки забонашон баргирифта аз номи миллаташон нест: миллат амрикойи — забон англисй, миллат бразилй — забон португалй, миллат аргентинй — забон испанй ва … Мо меросхори фарҳангу тамаддуни форсй ҳастем ва бо гирифтани вожаи «форсй» аз Конуни забони давлатй, худро аз ин мероси ғанй маҳрум мекунем. Ҳануз ҳам дар миёни мардуми куҳистон иборати «фалонй (манзур одаме аз ягон маҳалли Точикистон) форсигу» ҳаст ё «форсигу буд» корбурд дорад, ки як далели таърихии форситабор ва форсизабон будани миллати мо ҳаст.
Дар ҳоле, ки талошҳо барои ваҳдати ҳарчй бештари се кишвари форсизабони Точикистон, Афғонистон ва Эрон ба таври бесобиқае дар сатҳҳои мухталиф шиддат гирифтааст, мо худро аз ин доира берун мекашем.Ва он ҳам дар ҳоле, ки забони точикй як шохаи забони форсй аст, ба гунае, ки форсии дарй, форсии эронй (ё теҳронй) ва форсии точикй таъбир мешавад.Ба назар мерасад, ҳануз ҳам иддае дар радаҳои болои ҳукумати Точикистон аз идеологияи комунистй, ки аз чумлаи ҳадафҳояш буридани пайвандҳо миёни Точикистон ва Эрону Афгонистон буд, раҳо нашудаанд ва ҳануз ҳам аз наздикй бо ин ду кишвари форсизабон бим доранд.Ин идеология бо тамоми тавон дар пайи содда ва омиёна кардани забони форсии точикй дар Точикистон бар омад, то «собит» кунад, ки «забони точикй» ҳеч умумияте бо дарию форсй надорад.Коммунистон дар ин амр муваффақ ҳам шуданд ва ин нукта, ки дар замони тачовузи Шуравй ба Афғонистон, аз Кремл ба Душанбе занг зада барои чалби тарчумон ба Афгонистон мепурсанд:«у вас еще остались таджики, которые хорошо владеют родным языком?», тасдиқе бар ҳамин гуфтаҳост.
Гузашта аз ин, форсизудойи дар порлумони Точикистон дар ҳоле сурат гирифтааст, ки дақиқан дар ҳамин руз дар Нахчувони Озарбойчон сарон ва намояндагони кишварҳои туркзабон даври ҳам чамъ меоянд, то таъсиси иттиҳоди кишварҳои туркзабонро суръат бахшанд.Дар ин нишаст туркзабонҳо дар минтақаи чудошуда аз Арманистон ба баҳсу гуфтугу нишастанд, то аз ин тарқ бештар бар моҳият ва зарурати иттиҳод таъкид карда бошанд. Идеяи иттиҳоде назири Шурои Аврупо ва Лигаи давлатҳои арабй меҳвари аслии суханрониҳо дар нишасти Нахчувон буд.Ин талошҳо дар шароите сурат мегиранд, ки бархе кишварҳои туркзабон ихтилофоти чиддие бо ҳам доранд ва робитаҳои Қирғизистон ва Узбакистон фақат гушае аз ин ихтилофот аст. Мачмаи порлумонии кишварҳои туркзабон, ки дар гузаштаи на чандон дур дар Боку ташкил шуд,имруз дар пайи он аст, ки роҳи ҳалле барои ихтилофи дидгоҳҳо ва мевзеъҳои кишварҳои туркзабон пайдо кунад.
Точикистон дар муҳосираи кишварҳои туркзабон воқеъ аст ва суханони яке аз сарони ин кишварҳо ки ошкоро эълом карда, «Точикистон дар роҳи ташкили иттиҳоди давлатҳои туркзабон мисли як устухоне дар гулу ҳаст», ҳушдоре ба сарони точик аст, ки ба таври чиддй ба фикри мавчудияти ояндаи кишвари худ бошанд.
Албатта, Точикистон кишвари мустақил ва соҳибистиқлол аст ва забони давлатии худро бояд дошта бошад, аммо инкори ҳақиқтҳои таърихй роҳ ба чое нахоҳад бурд.
Мо бо забони модарии худ ифтихор мекунем, ҳамон гуна, ки Муъмин Қаноъат , шоири машҳури точик мегуяд:
Форсй гуйи, дарй гуйи варо,
Ҳарчй мегуйи, бигу
Бекарон бахрест гавхар бехисоб
Харчи мечуйи бичу.

Лек бахри ман забони модарист
Хамчу шири модар аст
Бахри у ташбехи дигар нест, нест
Чунки мехри модар аст.

Сарфи назар аз он ки дар тасвиби конуни забон дар холатхое ангезахои сиёсй боло гирифтаанд, вучуди чунин конунеро ба фоли нек мегирем, то дар хифзу густариши забони форсии точикй муассир вокеъ шавад. Аммо аминам рузи ислохи иштибохот фаро хохад расид.

комментария 2

  1. Бисёр навиштаи вазину пурборе буд. Сипоси фузун, оқои Хуҷастаи гиромӣ. Фишори сиёсии Кремлин аз як сӯ ва ноошноии давлатмардон бо хатту забони сараи худ аз сӯи дигар корро сохтааст. Аммо «доиман яксон набошад ҳоли даврон, ғам махур.» Поянда бошед.

  2. Бародари гиромй, Дориюш, салом!
    Мамнун аз назари лутфи Шумо.Ба ин умедем, ки «мерасад марде, ки занчири гуломй бишканад!»
    Саломат ва комёб бошед!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: