Точикистон — сарзамине, ки чун чон дусташ дорам, дубора маро дар огуш гирифтааст.Ачаб гуворою лаззатбахш аст ин огуш, хоса замоне, ки ин огушро пазмон мешавй!
Аммо…
Чанд рузе корафтода будам дар идороти кисмати шимоли Точикистони махбуб, дар шахри Хучанд. Чихо дидам?! Кош намедидам! «Идорашинхо», онхое, ки худро «хидматгузори халк» меноманд ва аз хисоби андозҳои хамин мардум маош мегиранд, хамчун зулук (ман ибораи дигаре пайдо накардам) хуни ин мардумро мемаканд.Ба идораи андоз, нотариус, шиноснома… сар задам.Коғазҳои маро аз дастам мегирифтанд ва дар холе, ки хеч «нагрузкаи корй» надоштанд, «ако баъди се-чор руз хабар гиред» мегуфтанд.Баъд медидам, он корафтодагон, яъне муштариёне, ки хамрох бо номаашон «чойпулй» медоданд, корашон фавран ичро мешуд.Яъне ришва медоданд ва кори худро рох меандохтанд.Яъне ман хам бояд ришва дихам!
Корафтодае, ки пуле барои додан надошт, вакти худро сарфи рафту омад аз идора ба идора мекард ва соатхо, хатто рузҳо пушти дари идорахо мунтазир мемонд.
Касе аз ин «навхочагони навкиса», ки бо василае курсии мансаб зери думғозаашон карор гирифтааст, намеандешид, ки ин корафтодаи бечора шабхои берушнойи ва дастурхоне холй аз ғизои гарм дорад. Касе аз ин мансабдораконро ба хотир намеомад, ки хамин корафтодаи бечора, як шаби бебарк ва сардеро паси сар кардааст ва аз нохия ба шахр омадааст, то кореро сару сомон бахшад.На! Ин харфхо ба гуши ин мансабдоракон рох пайдо намекунанд.
Шумо савол медихед, ки чаро бе факту ракам менависам. Охир он кадр ин факту ракамхо зиёданд, ки … Аз суи дигар, тавре маълум мешавад, он чй ман мегуям сухани наве нест, хама, хатто масъулон инро ба хубй медонанд.
Ба дустам, рузноманигори варзида ва шоири боистеъдод — Чура Юсуфй дарди дил кардам.Дар посух оҳи талхе кашид.Оре, тавре ки мегуянд «об аз сар лой аст».Аммо ин савол зехнамро машгул медорад, ки: «Бо ин хол мо ба кучо меравем?» Рохе печида, нохамвор, бе уфуқе рушан, чизи дигаре ман намебинам.
Аз Душанбе бо рохи заминй ба Хучанд меомадем.Ба иловаи постгоххои давлатии бозрасй, дар бисёре аз минтакахои ин рох милисахо истода, аз ронандагон «чойпулй» мегирифтанд.Ба ронанда гуфтам охир ин ду милиса гайриконунй ин чо истодаанд, чаро ба онхо пул додй? Гуфт: Эй ака, ту соле як бор аз ин рах мегузарй, ман зиндагиамро аз хамин хисоб мечархонам, агар пул надихам ё конунигарй кунам, дафъаи дигар бахонае меёбанду азобам медиханд. Ду сомонй садакаи сар!
Шояд ҳақ бо ин ронанда бошад, аммо касе аз масъулон боре хам аз ин милисахое, ки канори рох ғайриконунй меистанд, (махсусан аз Шахристон то Истаравшан ва баромадгоҳҳои Истаравшан шуморашон зиёд аст!!!), бозрасй накардааст.
Ба назари ман чунин намуд, ки дар Точикистони азиз ришва додан ва ришва гирифтан дар холи табдил шудан ба як фарҳанг аст. Чй фарҳанге?! Фарре дар он намебинам ба чуз «ҳанг».
Хонандаи азиз, мо бо ин вазъ ба кучо хоҳем рафт?
Фар — ҳанги ришва дар Точикистон
Posted on 6 сентября, 2009 by Аъзам Хучаста
Yagona sadde ki peshi masiri rushdu tarakkiyoti tojikiston megiradu nameguzorad, ki on ba sui oyandaho roh yobad hamin rishva ast.In darakhti azim dar tamomu idorotu korhonahoi Hukumati kishvar resha davondaast.Hushk shavad reshai on.
Dar tojikiston hama rishvahurand, chi korgaru chi muallimu chi savdogaru chi ruznomanigoru chi taksistu gaira.Hech kas nest, ki dar gami fardoi millatu kishvar andeshae bikunad.Hech kas nest, ki dar fardoi shukufooii on sahim boshad.
Darkhti rishva sadho resha dorad…
Ако, Шумо гам нахуред. Кучо рафтанамонро хама нагз медонанд. Порахури ба хуни мансабдорони мо чой гирифт, дигар гам хурдан, хеч фоидае надорад. Дигар маошашонро ба миллион сомони бардориву хатто тахдидхои катл кунихам бефоида, пули бо ин рох ба дастоварда маззаи дигар дорад. Ин факт аст, бехуда спор накунед.
Аммо пора тарафхои хуб хам дорад:
1. ГАИ медорад маршруткаро, ду сомони мегираду чавобаш медихад. Барои хуччатхояшро дуруст кардан ронандаи маршрутка бояд камаш сесаду чахорсад сомони харочот кунад, пас кадом хуб аст, маблаги ками пора ё хуччати конуни?!
2. Мувофики конун мухлати дида баромадани аризахо аз се руз огоз меёбад, пас агар шумо пора дихед, хам кори шумо пеш мераваду хам зиндагии порагир, магар ин хуб нест? Бо харочоти кам ва сафари кории якдафъа коратон буд мешавад…
3. Аз мост, ки бар мост! Мо худамон хама … хастем, барои чи мо вакилонамонро ба мачлиси намояндагон интихоб кардем? Онхо ин саддхоро пеши рохи мо бунёд карда истодаанд. Ин хам факт аст, бехуда спор накунед. Масалан, рохи мошинагарди Масчохро мехоханд пулакки кунанд. Хуб, як бор хашмамро фуру барам баъд давом медихам…
Давом медихем.
Бисёрии онхо окипадар хастанд. Он окипадархои каллаварамхо намегуянд, ки о хамун пулро боз халки бечора медихад.
Лекин ана дар хамин чо онхо сахви бузург карданд. Мардуми масчохиву ягнобиву хундори дигар чунон «пофигист» хастанд, ки ин карору конуни баровардаи вакилонамонро ба як дирамаки сиёхи зангзадаги баробар намекунанд. Ин хам факт бехуда спор накунед…
Ана дар ин чо бархак ин кабил «вакилони мо» шармандаи шармандахо мешаванд.
Онхо якборку аллакай шарманда шуда буданд. Ёд доред, вакте аблахона хизматрасонии тибро пулакки эълон карда буданд?
Ана баъд ин шармандонахои руйсиёх (зани хаммаашон талок шуд, чун кулли мардум онхоро хаккорат карданд!!!) ин карорашонро бекор карданд. Э муред аблахо, э рузотон сиёх, Илохо хонатун сузаду баччатон мурад, нони хурдан наёбед ба хамин конункабулкунихотон, падарнаълатхо, ууууххххххх!!!!!!!!!!!!!
Салом, бародар Ифтихори Бахтиёр!
Манун аз лутфат, ки дидгохи худро баёнкардаи.
Бо дард навиштаи,Туро дарк мекунам, аммо бетарафии мо чомаеро ба нобудй бурдааст ва хамон «корам зудтар шавад» ,ки моро ба пул додан тела медихад, вокеан як фарханг шудааст.
Ба умеди ОБОДИИ Точикистони озод!
Саломат бошй!
Дуруд бар Шумо -окои Хучаста
Бо ин ришвахорие,ки дар мо табдил ба фарханг шуда ва ба кавли шоиронаи Шумо Ханг(ё шояд ханг-ханг) шуда -«Ин рох,ки меравем ба ба Туркистон аст» на Точикистони озод,обод,пойдор ва сарбаланд!
Амо шояд яке аз роххои мубориза бо он пайваста ба миён гузоштану матрах кардани ин мавзуи халталаб(амсоли маколаи Шумо) дар расонахо бошад,то балки мучиби ба чуш омадани гайрату часорати кишри ришвадех шавад то дар баробари ришвахорон истодаги кунанд. Бо умеди он руз
Некварз
Бародари гиромй, окои Некварз!
Мо хам ба хамин андешаем: бигуем шояд раги гайрати «мансабдорон» ба чунбиш дарбиёд.
Дар зимн матолиби Шумо хам дар ин боб ва умуман дардхои миллат кобили ситоишанд.
Комёб бошед ва сарбаланд!