Қирғизистон:исломшиносй ё исломситезй?


manas-monument-in-bishkek
Давлати Кирғизистон тасмим гирифтааст аз соли таҳсилии 2010-2011 дар мактабҳои таълимоти ҳамагонии ин кишвар омузиши улуми диниро ба роҳ монад. Дар ин робита Ожонсии давлатии умури дин қонунеро таҳия намудааст, ки интизор меравад ба зудй ба баррасии порлумон пешниҳод хоҳад шуд. Ин барнома пешбинй мекунад, дар мактабҳо аз соли панчуми таҳсил ба донишомузон таълимоти динй ё диншиносй тадрис хоҳад шуд ва дарсҳо тавассути муаллимони дунявй, на ба истилоҳ муллоҳо, омузонида хоҳанд шуд. Хадаф аз чорй кардани омузиши дин дар мактабҳо ошно кардани донишомузон ба таълимоти динҳои мухталиф ва ба онон омузондани фаркият миёни масехият ва ислом, масеҳият ва буддойи … ва амсоли ин унвон шудааст.
Бояд гуфт, ки Киргизистон аз чумлаи кишварҳоест дар Осиёи Марказй, ки дар солҳои баъд аз касби истиқлол аз густариши тундгаройии исломй ранч мебарад. Ин мавзуъ ба гунае густариш ёфта, ки борҳо амнияту суботи Киргизистонро ҳадаф қарор дода ва бо таваччуҳ ба мавқияти чугрофиёйи қаламрави ин кишвар чандин бор майдони таҳаррукоти гуруҳҳои ифротй гардидааст. Аз суи дигар,масъулони қиргиз яке аз далелҳои ру овардани мардум, ба вижа чавонон ба фирқаву равияҳои мухталифи мазҳабй ва гароиши мусалмонон ба дину мазҳабҳои дигарро дар поён будани сатҳи динии чомеа медонанд.Аз ин ру дар сададанд, то бо омузиши таърихи динҳои мухталиф ва ошно кардани чавонон ба таълимоти динҳои бузурги олам, аз нигарониҳои худ дар ин замина бикоҳанд.
Воқеияти дигари чомеаи Киргизистон ин аст, ки дар шароити афзоиши тамоилоти мазҳабии мардум ва ба далели набудани таълимгоҳҳои исломй, афрод ва ниҳодҳои мухталифе вориди амал шудаанд ва бо чалби мардум ба маҳфил ва дарсҳо, исломро бар тибқи майлу иродаи хеш таълим медиҳанд.(Дар ин миён фаъолияти дигар фирқа ва равияҳои гайриисломиро низ набояд нодида гирифт).Бар асоси оморҳои расмй, дар айни ҳол дар Киргизистон 45 мадрасаи динй, 8 донишкадаи исломй ва як донишгоҳи исломй фаъолият мекунанд.Хамзамон бо ин дар ин кишвар 15 мадраса ва мактаби динй ба таври гайриқонунй фаъолият мекунанд ва ҳар кадом барномаҳои таълимии худро доранд.Ба иловаи ин ҳама, дар назди масчидҳо низ дарсҳои қуръонй амал мекунанд, ки гуфта мешавад хоҳишмандони зиёде доранд.
Дар шароите, ки густариши ангезаҳо ва тамоилоти динталабии мардум чомеаҳои пасошуравиро фаро гирифтааст ва неруҳои исломй ба унвони аслитарин рақиби давлатҳои худкома дар Осиёи Марказй дар ҳоли шаклгирй ва тақвияти сохтории худ ҳастанд, иқдоми давлатмардони Бишкек талоше дар чиҳати таҳти назорат даровардани ин раванд таъбир мешавад. Аз суи дигар масъулони қиргиз бар он шудаанд, ки бо тасвиби қонуни чадид фаъолиятҳои динии мардумро таҳти контрол гирифта, исломро ба гунае, ки худ мехоҳанд, ба мардум муаррифй кунанд. Чунин руйкард дар нисбати эътиқодҳои мазҳабии мардум ҳосиле чуз печида шудани мавзуъ надоштааст ва намунаи онро метавон дар Узбакистон мушоҳида кард. Аз ин ру иқдоми чадиди давлати Бишкек дар чиҳати ба истилоҳ танзими омузишҳои динй, чунончй ба самти тобеи сиёсатҳои давлат намудани боварҳои динии мардум ва пешгирй аз фаъолиятҳои озодонаи динии мардум пеш равад, сиёсате аз ҳоло шикаст хурда хоҳад буд.
Бо ин ҳол, омузиши дин дар мактабҳо иқдомест, ки ниёз ва зарурати чомеаи мусалмони қиргиз онро шакл додааст.

комментария 3

  1. Окои Аъзам,

    Агар икдоми давлати киргизро аз хамин холо махкум ба шикаст медонед, чи тархеро ба чои он пешниход мекунед? Ба назари шумо, барои чилавгирй аз тундравии мазхабй давлат бояд чи кор кунад? Ва оё аслан бояд коре бикунад?

    Сипосгузорам.

  2. Дориюши азиз, салом!
    Аввал аз хама аз назари лутфи шумо сипосгузорам.
    Баъдан, тундравии исломй, ки имруз дар сатхи чахон масъаласоз шудааст, оё аз кучо маншаъ мегирад? Магар ин падидаи номатлуб кори худи давлатхо нест, ки чун василаи мубориза бар зидди тамоилоти афзояндаи исломхохй таррохй кардаанд?Нигохе гузаро ба таърихчаи шаклгирии Ал-коида, Толибон … ба хубй ба ин пурсиш посух медихад.Оё имруз акли солим бовар мекунад, ки таркондани бурчхои Ню Йорк кори Ал-коида буд? Бо ин хама фановарихои пешрафта, ки Амрико дар даст дорад, оё имкони дуздида шудани 4 хавопаймо он хам дар як руз, вучуд дорад?
    Аммо икдоми давлати Бишкек чизе чуз тахти назорати худ гирифтани фаъолиятхои мазхабй нест. Албатта ин ибтидои кор аст ва нукоти мусбат хам дорад,ки ба дини ислом ва дигар динхо ошно шудани чавонон аз ин чумла аст. Вале тундравии исломй ё исломи ифротй ба иродаи давлатхое чун Киргизистон вобаста нест, зеро ин дар чорчуби чанги эъломнашуда алайхи Ислом, ки тавассути кудратхои гарбй, ба саркардагии Англия пеш бурда мешавад, сурат мегирад. Ба назари банда,хамкории давлатхо бо ниходхои исломй дар кишвархои худ, мушорикат дар идораи давлат додан ба чехрахои мазхабй, эхтиром ба ойинхои динй … метавонанд то хадде аз аз густариши ифротгаройи дар чомаехо пешгирй кунанд.
    Бародари гиромй, муваффак бошед!

  3. Окои Хучаста, дуруду сипоси фаровон аз посухатон.

    Шакке дар ин нест, ки замоне кудратхои гарбй ба исломи тундрав ниёзи мубрам доштанд ва дар созмондихии онхо — накши мустаким. Аммо обхое аз осиёб рехтаву авзоъ пас аз Чанги Сард ба куллй тагйир карда.

    Бо камоли арчу эхтиром ба назари чаноби олй, тавтеапиндориро писандида намедонам. Тархрезию ичрои хамла ба бурчхои дукулуи Нйу Йуркро худи шабакаи Алкоиъда хам аз «шохкор»-хои худ медонад ва то кунун, бо вучуди талошхои фаровон, касе натавонистааст бар мабнои далелхои устувор гайр аз инро собит кунад. Танхо замоне метавон собит кард, ки он 19 халабони арабу мусалмон ба дастури Омрико рафтанд, то хам худ ва хам хамрохонашонро бикушанд, ки далели мувассаке дар даст дошта бошед. Нафси ин ки «оё мумкин аст дар кишвари абаркудрате чун Омрико ин иттифок биуфтад?» далели басанда ба назар намерасад. Хатто агар ин ифрот сохтаву пардохтаи гарбихост, бояд мояи шармсорй бошад, ки касе ба ин содагй дастхуши бегонагон карор бигирад.

    Аммо дар мавриди тадриси динхо дар мадрасахои Киргизистон назари мусбате дорам, агар китобхои дарсй бидуни гараз ва химоят аз хеч дине навишта шуда бошанд. Танхо дар шакли як китоби ховии иттилоъоти куллию чузъй дар бораи бовархои мазхабии гуногун. Шинохти динхои мухталиф боъиси вусъати чахонбинии навчавонон ва дар натича, дурии онхо аз таъассуб мешавад.

    Аммо як ормоншахр чомеъаест, ки дар он бовару ранги пусту тафовутхои дигар таъйинкунанда набошад. Шоистасолорй яъне хукумати афроде, ки шоистаи он макомхо хастанд, чи мусалмон бошаду чи габр. Вуруди касе ба хайъати давлат танхо ба далели эътикодоти мазхабиаш ба хеч руй дар баландмуддат корсоз нахохад буд. Аъзои давлат бояд танхо бар мабнои кордонию табаххур дар риштахои бахусус баргузида шаванд.

    Поянда бошед.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: