Даргириҳо дар қалби Узбакистон


karrimoff
Чумҳурии Узбакистон дар ҳоле 18-умин солгарди истиқлоли худро тачлил кард, ки пойтахти ин кишвар таҳти тадбирҳои шадиди амниятй қарор дошт.Дар остонаи ин чашни миллии Узбакистон шаҳри Тошканд бори дигар саҳнаи даргириҳои мусаллаҳона буд. Дар ин бора расонаҳои мухталиф хабарҳои зидду нақизе мунташир намуданд, ки тибқи маъмул сукути мақомоти расмиро ба ҳамроҳ дошт. Бо ин ҳол, иттилои мавриди эътимоди бештар он буд, ки рузи 29 август дар минтақаи «шаҳри куҳна»-и пойтахти Узбакистон, дар наздикии масчиди «Кукча» байни чанд фарди мусаллаҳ ва нируҳои пулис даргирии мусаллаҳона ба вуқуъ пайваст. Хабарҳои тасдиқнашуда аз кушта шудани 3 то 6 нафар ҳикоят доранд.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки ҳамзамон бо ин дар чанд минтақаи шаҳри Тошканд даргирии афроди мусаллаҳ бо неруҳои интизомй руй дод. Дар пайи ин ҳодиса неруҳои амниятй ва интизомии узбак вориди амал шуданд ва минтақаҳои «ноором»ро ба муҳосираи шадид дароварданд. Аз чумлаи арзёбиҳо аз ҳодасаҳои Тошканд он аст,ки кормандони милисаи узбак барои тафтиши ду фарди шубҳанок вириди як бинои истиқоматй мешаванд, аммо ин афрод дарро боз намекунанд ва ҳамин тавр тирпарронй байни ду тараф оғоз мешавад. Дар ин арзёбй ин ҳодиса «амалиёти махсус» унвон шуд.
Бо таваччуҳ ба ин ки даргириҳои Тошканд дар остонаи рузи истиқлоли Узбакистон иттифоқ афтод, бозтоби густурдае дар расонаҳои минтақайи ва фароминтақайи дошт. Зеро сиёсати хафақон, ки давлатмардони узбак пеш гирифтаанд, ин интизорро тақвият кардааст, ки ин кишвар дар ниҳоят аз дохил мунфачир хоҳад шуд. Ба иборати дигар,пешгуиҳо дар мавриди ин ки Узбакистон дар ояндае на чандон дур дастхуши нооромиҳо хоҳад шуд, даргириҳои Тошкандро ба як паёмаде ғайриқобили инкор табдил кардаанд. Бо ин ҳол руйдодҳои Тошканд аз чанд зовия қобили арзёбй ва баррасианд.Аввал ин ки вуқуи чунин ҳодисае дар остонаи чашни миллии Узбакистон ба он ишора дорад, ки неруҳои мухолифи давлати Узбакистон ба ин восита аз худ дарак доданд ва талош карданд таваччуҳи чомаеи чаҳониро ба сиёсати худкомаи давлатмардони узбак чалб кунанд, то шояд ниҳодҳои байналмилалй дар ростои риояти ҳуқуқи башар Тошкандро таҳти фишорҳои бештаре қарор диҳанд.Дуввум, ин эҳтимол чой дорад, ки бастагони афроди таҳти боздошт ва шиканча дар зиндонҳои Узбакистон талош доранд бо ноором кардани кишвар ва таҳрики эҳсости мардум таваччуҳро ба поймолшавии ҳуқуқи инсон дар боздоштгоҳ ва зиндонҳои Узбакистон чалб кунанд ва нишон диҳанд, ки мухолифат дар ин кишвар ҳамчунон идома дорад. Саввум, нируҳои мухолифи Ислом Каримов, ки гуфта мешавад ахиран аз беморй ранч мебарад, ин барномаро тарроҳй караданд, то беҳосилии сиёсатҳои саркуби раиси чумҳури Узбакистонро ба намоиш гузоранд. Цахорум,тибқи риволи роич дар хадамоти амниятии бисёре аз кишварҳо, ин ходиса саҳнасозии мақомоти амниятии узбак буд, то бо ин баҳона битавонанд, мухолифони худро бештар саркуб кунанд ва фурсати тозае барои қудратнамойи дошта бошанд.(Харчанд ин бор дар ибтидои ҳодиса муҳри иттиҳом ба неруҳои исломй зада нашуд, аммо милисаи узбак бо таҳти контроли шадид гирифтани минтақаи ҳодиса ва тамоми маркази вилоят ва ноҳияҳо, қабл аз ҳама афроди ришдорро мавриди боздошт ва бозчуйи қарор додааст).Панчум, ин ҳодиса қудратнамойии доираҳое буд, ки мехоҳанд дар Узбакистон нуфуз дошта бошанд:қарори маълум давлати Тошканд бо пеш гирифтани сиёсати бозй бо қудратҳо, гоҳ ба тарафи Русия рафтааст ва гоҳе ба суи Гарб ба саркардагии Амрико. Чунин сиёсате табъи дили ҳеч як аз тарафҳои рақиб намебошад, аз ин ру ин қудратҳо бо вориди амал намудани афроди вобаста ба хеш ин паёмро доданд, ки метавонанд ҳатто дар қалби ин кишвар барномаҳои худро ба ичро гузоранд.Шашум ва …
Ёдовар мешавем, ки дар соли 2009 барои саввумин бор аст, ки Узбакистон дастхуши нооромиҳо мешавад. Нахуст, шаби 26 май афроди ношинос посгоҳи милисаи Хонобод дар вилояти Андичонро мавриди ҳамла қарор доданд ва рузона чанд таркиш дар шаҳри Андичон ба вуқуъ пайваст.Дар ин таърих нахустин ҳамлаи маргталабона дар Осиёи Марказй иттифоқ афтод.Дуввум, мохи август дар ноҳияи Бахмал, вилояти Чиззах даргирии мусаллаҳона миёни афроди ношинос ва марзбонони узбак руй дод.Саввум,руйдодҳои ахири Тошканд.
Ба назар чунин мерасад, ки сиёсатҳои пешгирифтаи давлати Тошканд ба бор нишастаанд ва ин кишвар дар раванди ташаннучи авзоъ қарор гирифтааст. Сарфи назар аз шарҳу тафсири сарони Узбакистон, ки ин бор низ шоҳиди он хоҳем буд,сиёсати диктотурй дар ҳеч шакле умри абад нахоҳад дошт, ҳамон гуна, ки таьрих шикаст ва фурупошии бисёр режимҳои диктотуриро дар ҳофиза дорад.Аммо дар марҳалаи кунунй зоҳиран давлати Тошканд тавонистааст дар доираҳои мухолифи хеш нуфуз кунад ва фаъолиятҳои ононро тибқи майлу иродаи хеш пеш бибарад.Бо ин вучуд чунин сиёсате дар дарозмуддат корсоз нахоҳад буд. Дар ин миён набояд нодида гирифт, ки хадамоти махсуси кишварҳои ғарбй ва Русия низ дар созмону ниҳодҳои мухолифи давлати Тошканд то ҳадди қобили мулоҳизае нуфуз доранд ва қодиранд дар мавридҳои зарурй аз омилони хеш дар ин созмонҳо барои пешбурди ҳадафҳояшон дар Узбакистон истифода кунанд. Аз суи дигар, гуфта мешавад, ки фаъолияти бо ном афроди Ҳаракати исломии Узбакистон дар Точикистон ва дигар кишварҳои ҳамсоя чизе чуз пешбурди барномаҳои хадамоти вижаи давлати Тошканд дар ростои барномаҳои стротегиаш дар минтақа нест. Чудо аз ин ҳама руйкрдҳои шеваи кунунии мақомоти узбак дар бархурд бо мухолифони хеш ва умуман дигарандешон, чизе чуз бозй бо оташ таъбир намешавад.

Оставьте комментарий