Хамкорихои Иттиходияи Аврупо ва Точикистон

Ҳафтаи гузашта порлумони Аврупо дар нишасти навбатии худ вазъи хамкориҳо миёни Иттиҳодияи Аврупо (ИА) ва Точикистонро мавриди баҳсу баррасй қарор дод.Масъалаи тасвиби Паймони мушорикат ва ҳамкории ИА бо Точикистон аз чумлаи мавзуъҳои мавриди гуфтугу дар ин нишаст буд.
Яке аз масоиле, ки баррасии он дар порлумони Аврупо ба мазоқи давлатмардони точик чандон хушоянд нест, [...]

Раиси чумҳури Точикистон ба Маскав меравад

Бар асоси хабарҳои мунташира аз тарафи манобеи раёсати чумҳурии Точикистон Эмомалй Раҳмон дар моҳи октябр дар чорчуби як сафари корй ба Русия сафар хоҳад кард. Ин сафар дар шароите анчом мешавад, ки Душанбе бо руйкарди чадид дар сиёстҳои хоричии хеш, аз чумла дар қиболи «шарики стротегиаш» бар он аст, ки битавонад чун кишварҳои ҳамсоя [...]

Гунаҳ кард дар Балх оҳангаре…

Фочеаи ба вуқуъомада дар неругоҳи барқи обии Саяно-Шушенск дар Русия баҳонаи хубе шудааст, то мақомоти узбак аз нав сару садоҳо дар бораи хатари неругоҳҳо дар Точикистон ва Қирғизистонро дар сатҳи байналмилал матраҳ кунанд. Албатта, дар Точикистон ва Қирғизистон инкор намекунанд, ки неругоҳҳои Норак ва Тухтагул, ки дар замони Шуравй сохта шудаанд, бо гузашти ин ҳама [...]

Сафари вазири дифои Русия ба Точикистон

Анатолий Сердюков, вазири дифои Русия дар чорчуби як сафари расмй ба Душанбе омад ва дар дидор бо мақомоти точик бархе аз масоили марбут ба ҳамкориҳои низомй миёни Маскав – Душанберо баррасй намуд.Кобили зикр аст, ки барномаи ин сафар ҳануз моҳи июли соли равон дар рузҳои сафари Дмитрий Медведев, раиси чумҳури Русия ба Точикистон таъйин шуда [...]

Нигоҳе ба сафари раиси чумҳури Ҳиндустон ба Точикистон

Раиси чумҳури Ҳиндустон баъд аз дидор ва гуфтугу бо мақомоти Русия ба Точикистон омад ва дар дидор бо раиси чумҳур, нахуствазир ва раиси мачлиси намояндагони ин кишавр масъалаҳои марбут ба робитаҳои дучонибаро мавриди баҳсу баррасй қарор дод. Ҳарчанд дар ин сафар Пратибҳа Патилро ҳайате аз мақомоти сиёсй, иқтисодй ва тичории ҳинд ҳамроҳй мекарданд, аммо [...]

Фар – ҳанги ришва дар Точикистон

Точикистон – сарзамине, ки чун чон дусташ дорам, дубора маро дар огуш гирифтааст.Ачаб гуворою лаззатбахш аст ин огуш, хоса замоне, ки ин огушро пазмон мешавй!
Аммо…
Чанд рузе корафтода будам дар идороти кисмати шимоли Точикистони махбуб, дар шахри Хучанд. Чихо дидам?! Кош намедидам! «Идорашинхо», онхое, ки худро «хидматгузори халк» меноманд ва аз хисоби андозҳои хамин мардум маош [...]

Қирғизистон:исломшиносй ё исломситезй?

Давлати Кирғизистон тасмим гирифтааст аз соли таҳсилии 2010-2011 дар мактабҳои таълимоти ҳамагонии ин кишвар омузиши улуми диниро ба роҳ монад. Дар ин робита Ожонсии давлатии умури дин қонунеро таҳия намудааст, ки интизор меравад ба зудй ба баррасии порлумон пешниҳод хоҳад шуд. Ин барнома пешбинй мекунад, дар мактабҳо аз соли панчуми таҳсил ба донишомузон таълимоти [...]

Даргириҳо дар қалби Узбакистон

Чумҳурии Узбакистон дар ҳоле 18-умин солгарди истиқлоли худро тачлил кард, ки пойтахти ин кишвар таҳти тадбирҳои шадиди амниятй қарор дошт.Дар остонаи ин чашни миллии Узбакистон шаҳри Тошканд бори дигар саҳнаи даргириҳои мусаллаҳона буд. Дар ин бора расонаҳои мухталиф хабарҳои зидду нақизе мунташир намуданд, ки тибқи маъмул сукути мақомоти расмиро ба ҳамроҳ дошт. Бо ин ҳол, [...]