Нашрияи «Правда Востока» (Ҳақиқати Шарқ), ки марбут ба ҳукумати Узбакистон аст, рузи 3 феврал номаи Шавкат Мирзиёев, нахуствазири Узбакистон ба Оқил Оқилов, нахуствазири Точикистонро дар мавриди неругоҳи Роғун, ба табъ расонд.Дар ин нома аз чумла омадааст:Масъалаи сохти неругоҳи Роғун марбут ба ҳамаи кишварҳои минтақа аст, зеро дар ин тарҳ ба манфиатхои ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказй таъсир хоҳад гузошт.Дар ин маврид Узбакистон борхо ба Точикистон, Русия ва мачомеи байналмилалй мурочиъа кардааст, то қабл аз ҳар иқдоми ниҳойи, баррасиҳои мустақили байналмилалй дар заминаи пайомадхои зистмуҳитй ва амниятии тарҳи Роғун анчом шавад. Дар номаи нахуствазири Узбакистон бо ишора ба зилзилахез будани минтақаи неругоҳи Роғун, таъкид шудааст, ки ин тарҳ бар асоси фановариҳои 35-40 соли қабл таҳия шуда ба меъёрҳои имруз чавобгу нест.Аз ин ру боястй коршиносон ва мутахассисони мустақили байналмилалй ин масъаларо аз нав баррасй намоянд.
Мирзиёев дар номаи худ ёдовар шудааст, ки созмонҳои бонуфузи байналмилалй ва муассисаҳои молй, назири Созмони миллали муттаҳид,Иттиҳодияи Аврупо,бонки чаҳонй, бонки Осиё ва бонки исломии рушд аз мавзеи Узбакистон ҳимоят намудаанд.Нахуствазири Узбакистон дар поёни нома таҳдид кардааст: Дар сурати нодида гирифтани мавзеи чумҳурии Узбакистон, мо ҳақи худ медонем, ки дар ин масъала ба мачомеи байналмилалй ва созмонҳои экологии чаҳонй, мурочиа намоем, то пеши роҳи фочеахои эҳтимолй, ки такмили ин тарҳ ба ҳамроҳ хоҳад дошт, гирифта шавад. Албатта ин барои аввалин бор нест, ки давлати Тошканд мухолифати худ ба сохтани неругоҳи Роғун дар чумҳурии Точикистонро баён медорад. Чунин эътирозоте дар мавриди сохтани неругоҳи Қамбарота дар чумҳурии Қирғизистон низ матраҳ шудаанд.Аммо ин бор дар пайи тасмими чиддии Душанбе дар мавриди такмили тарҳи неругоҳи Роғун тавассути имконоти бумй, бар қотеияти Тошканд дар пайгирии иқдомоти пешгиронааш афзудааст.Қарори маълум баъд аз он ки талошҳои Точикистон дар чиҳати чалби сармояи хоричй барои такмили тарҳи Роғун натоичи матлубе ба бор наовард, ин кишвар бо тарҳи миллй эълом кардани Роғун, саҳмияҳои онро ба фуруш баровард, то имкони мушорикати тамоми аҳлиро дар раванди сохтани он фароҳам намояд.Ин иқдом, ки тавасути раиси чумҳур ироа шуд, мавриди истиқболи густурдаи аҳолй қарор гирифт ва дар як моҳи нахусти шуруъи он, болиғ бар 170 миллион доллар саҳмия ба фуруш рафт.Яъне Точикистон аз ин тариқ ин паёмро ба мухолифон ва мувофиқони тарҳи Роғун дод, ки дар ростои манфиатҳои миллии худ ва касби истиқлолияти энержй, неругоҳи Роғунро хоҳад сохт, то вобастагиҳои энергетикии худ ба дигар кишварҳоро рафъ намояд. Чумҳурии Точикистон бо доро будани 60% аз захирахои оби Осиёи Марказй, аз зарфияти тавлиди солиёна 527 миллиард киловат-соат неруи барқ бархурдор аст, аммо дар айни ҳол фақат 5 % дар сад аз ин зарфиятҳо мавриди баҳрабардорй қарор гирифтааст.Имруза Точикистон барои рафъи мутолиботи дохилии худ ба 20 миллиард киловат-соат неруи барқ ниёз дорад. Неругоҳҳои мавчуд дар ин кишвар солона ҳудуди 15-16 миллиард киловат-соат неруи барқ тавлид мекунанд ва камбуди энержй 2 миллиард киловат-соатро ташкил медиҳад.Ин масъала ҳамасола дар фасли зимистон ба буҳрон табдил мешавад ва мақомоти точик дар ростои коҳиши шиддати ин буҳрон, замонбандии таксими энержй ба аҳолиро чорй мекунанд.Бар асоси барномаи стротегияи рушди бахши энержй, пешбинй мешавад, ки то соли 2015 тавлиди неруи барк ба 35 миллиард киловат-соат дар сол афзоиш ёбад.Бар асоси ин барнома дар солҳои оянда содироти энержй ба Афғонистон, Покистон, Эрон ва дигар кишварҳои Осиёи Чанубй дар назар гирифта шудааст. Узбакистон, ки иддаои раҳбарй дар Осиёи Марказиро дорад, пайваста талош кардааст, дар барномаҳои гидроэнергетикии Қирғизистон ва Точикистон монеъ эчод кунад.Дар пайи мудохилоти Тошканд буд, ки ширкати русии «РусАл» бо ироаи баҳонаҳои бе асос аз такмили тарҳи Роғун сар боз зад ва Чин низ ичрои қарордоди худ бо Точикистон дар маврид сохтани неругоҳ дар рудхонаи Зарафшонро ба таъвиқ андохт.Хуручи Узбакистон аз системаи воҳиди энержии Осиёи Марказй (дар нимаи дуввуми соли гузаштаи милодй)бар мушкилоти Точикистон афзуд ва ин кишвар натавонист дар фасли тобистон энержии изофии худро содир кунад ва мачбур шуд оби сади Норакро дар ҳачми 2 миллиард киловат-соат энержии барқ, холй кунад. Ҳамчунин ин иқдоми кишвари ҳамсоя имкони воридоти барқи харидорй шуда аз Туркманистон ба Точикистонро аз байн бурд ва бар мушкилоти мардуми точик дар фасли зимистони афзуд. Мақомити давлати Душанбе дар нахустин вокуниши худ ба номаи нахуствазири Узбакистон, дарёфти чунин номаро таъйид карданд. Аз чумла Давлат Назриев, сухангуи вазорати умури хоричаи Точикистон иброз дошт, ки паёми нахуствазири Узбакистон дар айни ҳол мавриди омузиш қарор дорад.Аммо қабл аз ин иддаоҳои давлати Тошканд дар мавриди хатароти зистмуҳитии неругоҳи Роғун, аз тарафи масъулон ва мутахассисони Точикистон инкор шудаанд. Академик Собит Неъматуллоев, мутахасиси варзидаи бахши зилзилашиносй муътақид аст, ки минтақаи сохтани неругоҳи Роғун ба гунае, ки Узбакистон иддао мекунад, минтақаи зилзилахез нест ва чудо аз ин, фановариҳои имруз қодир ба сохти садҳои муқовим дар баробари зилзила ҳастанд. Воқеъият он аст, ки идомаи ихтилоф миёни Тошканд – Душанбе дар мавриди сохтани неругоҳи Роғун бар сардии равобит миёни ду кишвар афзуда, авзои минтақаро дастхуши буҳронҳои чадиде хоҳад кард, ки чуз фароҳам кардани заминаи мудохилоти қудратҳои фароминтақайи дар умури кишварҳо ва сарнавишти мардуми минтақа, пайомадҳои дигаре нахоҳад дошт. Аз ин ру салоҳи кор он аст, ки ду кишвари ҳамсоя гирди мизи ройзаниҳо нишинанд ва масоили мавчуд дар равобитро аз тариқи музокирот ҳаллу фасл намоянд.Аммо тазаккури нахуствазири Узбакистон рочеъ мурочиа ба созмонҳои байналмилалй чиҳати дифоъ аз мавзеъхои худ, ин паёмро ба ҳамроҳ дорад, ки Тошканд бо тамоми тавон дар роҳи такмили тарҳи Роғун монеътарошй хоҳад кард.Амре ки ояндаи равобити ду кишвари ҳамсоя ва субот дар Осиёи Марказиро дар ҳолае аз ибҳом қарор додааст.
Рубрика: Astana, Central Asia, Ecology, Global problem, Japan, Rahmon, Russia, Tajikistan, USA, Uzbekistan, Гидроэнергетика, Дипломатия, Забон, Лондон, Маскав, Покистон, Роғун, Сиёсат, Созмони Милали Муттаҳид, Фараж, Форсизабон, Шонгҳой, Ҳиндустон | Помечено: Dushanbe, Political relations, Roghun, Tajikistan, Uzbekistan | Оставьте комментарий »
































Вактхои охир расонахои минтакайи ва фаромитакайи дар бораи хамлаи толибон ба Осиёи Марказй матолиби мухталифе ба табъ расондаанд. Аз ин навиштахо чунин бармеояд, ки дар ояндае на чандон дур маркази нооромихо ба ин минтакаи стротегй мунтакил хохад шуд.








Раиси чумҳури Туркманистон аз Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизситон даъват кард, ки чиҳати ҳифзи чараёни об аз рудхонаҳои Точикистон ба қаламравашон, ба таври муштарак ба давлати Душанбе чубронпулй пардохт намоянд.


Чанде қабл расонаҳои мухталифи иттилоотй, аз чумла сойти 








